Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Бар зидди “Каронавирус”...

04 майи 2020, душанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус бо сокинони дар маҳаллаҳои “Фирӯз”, “Шафтолузор”-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” доир гардид. Дар рафти корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби кормандони Кумита бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории каронавирус, худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ суҳбат гузаронида шуд.

Чунин корҳо дар маҳаллаи “Заргар” низ ба роҳ монда мешавад.

Поделиться в