Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Роҳҳои пешгири аз сироятшавӣ

13 майи 2020, чоршанбе

Вобаста ба вазъи нигаронкунандаи имрӯзаи фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне паҳншавии бемории сироятии коронавирус – COVID – 19 аз ҷониби Кумита дар кӯчаву паскӯчаҳои М. Мастонгулов, С. Шарипови маҳаллаи А.Бедили ноҳияи Шоҳмансур бобати пешбурди тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз сироятшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус – COVID – 19, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо сокинони маҳаллаҳои болозикр бо усули “Хона ба хона”суҳбатҳои инфиродӣ бо ҳар як аъзои оила доир намуда, аз вазъи ба амаломада ҳамсуҳбатонро ба тоза озода намудани хонаву саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи хонаҳо, риояи гигиенаи шахсӣ, риояи қатъии маслиҳати табибон оиди тарзи дурусти истифодабарии ниқоб, маҳлулҳои безараргардонӣ, нигоҳ доштани фазои солим дар хонавода ва ба китобхонӣ ҷалб намудани фарзандон ҳидоят намуданд.

        

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар суҳбату вохӯриҳои инфиродӣ ба ҳар як нафар тавсиянома оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус тақсим гардида, риояи қатъии талаботҳои тавсиянома талаб карда шуд.

Поделиться в