Оила пойдевори ҷомеа
Оила аз замони офариниши инсон, арзи ҳастӣ дошта, дар ҳар давру замон ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа масуб меёбад. Муҳимтарин коре, ки инсон дар ҳаёти худ анҷом медиҳад, ин бунёди оила аст. Муқаддасоти оила пеш аз ҳама дар покии ахлоќӣ ва ҷисмонӣ зуҳур меёбад. Оромиш, муҳаббат ва эҳтироми якдигар дар оила бузургтарин ва муқаддастарин рисолати иҷтимоӣ буда, ба ин васила ба ташаккули инсон ҳамчун шахсияти бархурдор аз одобу фарҳанг сурат мепазирад.
Дар бораи нақш ва саҳми оила дар рушду такомули ҷомеа ва миллат бузургтарин ҷомеашиносон ва равоншиносону муаллимони ахлоқ беҳтарин суханҳо гуфтаанд. Бо вуҷуд ин ба назари мо ҳар рӯз таҳлили муқаддасоти оила ва арҷ гузоштан ба нақши он дар ташаккули инсонияти ҳар як аъзои ҷомеа метавонад ҷойгоҳи созандаи хонаводаро бештар таҳким бахшад. Бешубҳа, талоши ҳар яки мо барои такмили асоси оила гиромидошти ҷойгоҳи муқаддаси он маҳсуб мегардад.
Дар тӯли садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварду ба камол расонд, ки онҳо барои халқу миллати худ хизматҳои шоёни таърихиро ба анҳом расондаанд.
Ва таҷлили ин ҷашн ҳам гувоҳи он аст, ки оила дар сохтани ҷомеа нақши устувор дорад ва муҳаббату меҳрубонӣ, ҳамдилию ҳамдигарфамӣ маҳз аз хонавода сарчашма мегирад.
Қобили тазаккур аст, ки ҳанўз аз соли 1994 ҷашнгирии рӯзи байналмилалии Оила бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид тасдиқ гардид ва дар ҳамин замина ҳар сол 15-уми май дар саросари мамлакат “Рӯзи байналмиллалии Оила” таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили рӯзи Оила дар ҷумњурӣ ин пеш аз ҳама омода намудани ҷавонон ба оила барпокунӣ ва омӯзондани маърифати оиладорӣ аст.
Миллати тоҷик дар ташкили оила ва муносибатҳои байни аъзоёни оила мактаби бузурги худро дошта, дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст нақши калидии оила ҳамчун як ҷузъи асосии ҷамъият басо калон аст. Бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Фаромўш набояд кард, ки ҳар гоҳе, ки мард барои худ занеро мегирад ва ё зане, ки барои худ мардро интихоб мекунад, сарнавиштеро ба ӯҳда мегиранд ва ҳангоме, ки ин масъулиятро ба ӯҳда дошт, бояд салоҳияти анҳом додани онро низ дошта бошанд. Оила он вақт мустаҳкам мегардад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро намоянд. Дар оилае, ки муҳаббат аст, эҳтироми якдигарӣ ва хушбахти аст он оила албатта солим аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки бо дарназардошти муҳимияти масъала ва нақши оила дар ҷамъият Асосгузори сулҳу вадати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд.
Вобаста ба ин, бо назардошти нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатњои ифротию террористӣ, таъсири манфии василаҳои иттилоотӣ ба тарбияи дурусти фарзандон, ҳифзи оила ҷамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавию ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, таҳкими заминаҳои иқтисодии оила, мусоидат дар татбиқи имкониятҳои тарбиявӣ ва фарҳангии оила ва боло бурдани маърифати оиладорӣ аз ҷониби Кумита боз як санади муҳим Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ гардид, ки дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян месозад.
Дар ҷумҳурӣ рушди оила бори аввал дар заминаи консепсионӣ гузошта шуда, ба туфайли он раванди иҷтимоишавии фарзандон дар оила сурат гирифта, ташаккули шахсиятҳои комилу огоҳ ва худшиносу ватандӯст роҳандозӣ карда мешавад.
Татбиқи Консепсия ба болоравии сатҳи маърифати оиладории шаҳрвандони кишвар мусоидат намуда, барои пешгирии раванди вайроншавии оилаҳо замина фароҳам меоварад.
Консепсияи рушди оила дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нақши ҳалкунанда бозида, масъулияти волидайнро дар рушди шахсияти фарзандон баланд бардошта, ҳамзамон фарзандонро барои шинохт ва қабули уҳдадориҳояшон вазифадор менамояд.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Аз ин хотир, меҳромезтарин ва самимонатарин таманниёти Кумитаро бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии оила ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои фаъоли оилаанд, расонида, умед дорем, ки анъанаву суннат, расму ойини хуби оиладории тоҷик боз ҳам устувор гардида, хоҳони онем, ки ар як оилаи тоҷик солиму мустаҳкам ва муносибатҳои аъзоёни он боз ҳам қавитару муҳаббату эҳтиром, садоқату самимият пойдор мемонад. Зеро ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ибтидо мегирад ва ободии хонадон бошад, аз ободии ҷисму рўҳ ва дунёи маънавии аъзоёни оила ибтидо мегирад.
Рӯзи Оила муборак бошад.
Абдулмаинзода Зарина Қадамшо
муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва
оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон