Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Оила - такягоҳи давлату миллат

15 майи 2020, ҷумъа

Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз оила сарчашма мегирад.

Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим, ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Миллати тоҷик дар бунёди оила ва танзими муносибатҳо байни аъзоёни оила мактаби бузурги худро дорад. Нақши калидии оила ҳамчун як ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо калон аст. Бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронињояшон баён доштанд, ки “Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”.

Заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад.

Барои солим будани оилаҳо, рафъи косташавии маърифати оиладорӣ талошои давлату ҷамъият ва худи шаҳрвандон зарур аст. Чунки оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгор барои ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шарвандии муосир нақши назаррас дорад.

Ҳаёт боисрор талаб мекунад, ки мо бояд барои бунёди оилаи солим ва ҷомеаи солим фарзандонро ба мактаби оила, ба ҳаёти мустақилона омода намоем. Дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи аз рӯи принсипҳои ахлоқи ҷамъиятӣ устувор гаштани ақди никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ, дар руҳияи садоқат ба Ватан, халқ, муносибати бошуурона ба заҳмати муфиди ҷамъиятӣ, тарбия кардани насли наврас эътибори махсусро тақозо менамояд, зеро пешрафти иҷтимоии ҷомеа, таркиби сиҳатии аҳолӣ ба устувории оила вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бо паҳншавии бемории сироятии коронавирус нигарон кардааст, беш аз ҳарвақта ба саломатии худ ва аъзоёни хонаводаи худ аҳамияти ҷиддӣ равона намуда, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем. Дастури мутахассисони соҳаи тиб вобаста ба пешгирӣ аз сироятшавиро риоя намуда, ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем. Дар ҳамбастагӣ бар зидди ин вабои аср истодагарӣ кардан далолат аз сарҷамъию иттифоқу иттиҳоди мост. Содиқонаву софдилона заҳмат кашем ва садоқату ҷоннисории худро нисбат ба ватан, давлат ва халқамон исбот намоем. Маҳз бо ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мо метавонем аз тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ раҳо ёфта, зиндагии осоиштаю бомароми худро идома диҳем ва дар рушду нумўи кишвари азизи худ саҳмгузорӣ намоем.

         Бо ҳамин таманниётҳои нек Рӯзи Оиларо, ки ҳанўз аз соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид тасдиқ гардида, ҳар сол 15-уми май дар саросари мамлакат “Рӯзи байналмиллалии Оила” таҷлил мегардад, ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон сидқан муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки бо ҳамдилию вафодорӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату ҳамраъйӣ метавонем мушкилоти ҷойдоштаи имрӯзаи ҷомеаро паси сар карда, дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ ҳаёт ба сар барем. Шукргузорӣ аз он бояд кард, ки зери офтоби шаҳдбори истиқлолияту вадати комили Тоҷикистон зиндагии орому осоишта дорем.

Рӯзи оила муборак, ҳамдиёрони азиз!

Поделиться в