Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Эҳтиёт ними ҳаёт

28 майи 2020, панҷшанбе

Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Адулмаинзода Зарина Қадамшо ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколи маҷлиси ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши нави коронавирус дар хиёбони Рӯдакӣ маҳаллаи Фирузи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро бо тақсим намудани варақаи иттилоотӣ, маводҳои муҳофизатӣ, аз қабили ниқоб ва маҳлулиантисептикӣ анҷом дод.

Поделиться в