Хона ба хона
Дар асоси протоколи ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби занони фаъол гурӯҳхои корӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои фамондадиҳӣ таъсис дода шуда, маводи иловагии дастурӣ барои гурӯҳҳои корӣ омода ва дастраси масъулини ҷамоатҳо гардонида шуд.
Ҳамзамон, дар ҷамоатҳои Хистеварз, Зарзамин ва Ёва корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз рӯи усули «Хона ба хона» ташкил ва баргузор карда шуданд.
Мувофиқи ахборотҳои мавҷуда дар як рӯз 80 хоҷагӣ аз мулоқоту корҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус бархӯрдор гардида, тавсияҳо ва маводҳои иттилоотӣ, инчунин ба тариқи телефони боварии МИҲД.-и ноҳия, КАТС ва БМН-и ноҳия ва телефонҳои боварии ҷамоатҳо бо шаҳрвандон сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.