Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

ВОХӮРӢ БО СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

01 январи 1970, панҷшанбе
ВОХӮРӢ БО СОБИҚАДОРОНИ
СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Бахшида ба ҷашнҳои Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо ҳузури муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдумаинзода, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Ҳусноро Мирзоева, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми ШО ҶТ Абдуманнон Абдуразоқов, шоира Шаҳрияи Аҳтамзод ва иштироки устодону донишҷӯёни муассиса, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Ҳисор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода ба чорабинӣ бо сухани муқаддимавӣ оғози расмӣ бахшида, меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Сипас, меҳмонон дар бораи нақши Иҷлосияи 16-уми ШО ҶТ дар интихоби Роҳбари давлат – Раиси ШО ҶТ, рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчам суханронӣ карда, аз хизматҳои фарзонафарзанди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмору таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ёдовар шуданд. Аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри сулҳу субот бирасанд ва дар ободонии диёр бо муттаҳидӣ ширкати фаъол дошта бошанд.
Дар фарҷом, тариқи муколламаи озод, иштирокдорони чорабинӣ андешаҳои хешро вобаста ба ҷашнҳои фархунда баён доштанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 11
 
 
Все реакции:
38
 
 

Поделиться в