Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Телефони боварии 1313

15 июни 2020, душанбе

Баҳри амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи   давлатӣ  оид ба пешгирии  зӯроварӣ  дар  оила  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2014-2023»  дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон” дар доираи Лоиҳаи “Таҳкими амнияти ҷамъиятӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон” фаъолияти Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон  ва равоншиносон бо телефони боварии 1313 (шабонарӯзӣ) фаъол гардид.

Поделиться в