Тақсимоти ниқобҳои муҳофизатӣ
Баҳри иҷрои супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии коронавирус ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар бозори «Панҷшанбе»-и Ҷамоати деҳоти Пӯлодон суҳбату вохӯриҳо бо савдогарон ва харидорон баргузор намуд. Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон ҳатмӣ будани истифодаи никобҳои муҳофизатӣ, шустани дастҳо бо собун ва риояи меъёрҳои санитариву гигиениро фаҳмонда, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.