Пешгирии бемории сироятии ковид-19
Дар асоси дастури Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи короновирус дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби фаъолзанони соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷавонон, занон, маориф, азҳоби сиёсӣ гурӯҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ таъсис дода, ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдо, ошхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ, кошонаҳои ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ бо мардум доир ба иҷрои тавсияҳои табибон баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ короновирус COVID-19 корбариро вусъат бахшида, ниқобу варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.