Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Идомаи вохӯриҳои судманд

10 июли 2020, ҷумъа

Ба хотири тақвияти корҳои тарғиботӣ, фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии тамоюли паҳншавии бемории сироятӣ, аз ҷумла "COVID-19" аз ҷониби Кумита дар маҳаллаи Зарафшон 2, кӯчаи Нусратулло Махсум бинои 5 бо фаъолзанон чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ аз хусуси ворид гардидани тағироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба ҷаримабандӣ гардидани шаҳрвандоне, ки худсарона аз истифодаи ниқоб дар кӯча, ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт худдорӣ мекунанд, сухан рафт.

Намояндагони Кумита аҳли нишастро инчунин ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, тозаву озода намудани дохил ва гирду атрофи бино тарбияи дурусти фарзандон, танзими муносибатҳо дар оила, пешгириии хушунату зӯроварӣ ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз даъват намуданд.

Поделиться в