Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми занони соҳибкор "Зан ва тиҷорат"

30 апрели 2019, сешанбе

   
      Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 2.6. қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №593 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2019, №25615(25-6) бо иштироки сиёсатмадорон, шарикони рушд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Сафорати Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, занони соҳибкор дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»       Форуми занони соҳибкор «Зан ва тиҷорат» баргузор гардид.
Дар оғози кори Форуми мазкур мизбонон ва меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули дасти занони ҳунарманд, гирандагони гранти Президентӣ дидан намуданд.
Форуми занони соҳибкор мавзуъҳои мухталифи самтҳои фаъолияти соҳибкории занону бонувон, саҳми онҳо дар рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар самти ташкил ва баргузор намудани намоиши ҳунарҳои мардумии сатҳи байналмилалӣ, дастгирии иқдомҳои занони соҳибкор дар сатҳи маҳал ва ғояҳои инноватсионӣ роҳандозӣ карда  шуд.
     Дар Форуми мазкур намояндагони шӯрои занони соҳибкори назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ду сол қабл таъсис ёфта, аъзоёни он зиёда аз 100 нафар занону бонувони соҳибкори кишварро фарогир аст, иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ ва дастгирии шарикони рушд, аъзоёни шӯрои занони соҳибкори назди кумита баргузор гардид.

Поделиться в