Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Корбарӣ оид ба пешгирии сироятёбии covid-19

16 июли 2020, панҷшанбе

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор аз рӯи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар байни аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ занону духтарон дар самти риояи бечунучарои қоидаҳои беҳдоштӣ, худдорӣ кардан аз мулоқоти наздик ва тамоси бевосита, инчунин аз боби тозагию озодагӣ ҳамчун василаи асосии пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст. Дар ин вохӯриҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор”, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳия ва шабакаи инкишофи бунёди Оғохон (AKDN) ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии covid-19 ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ сехи дӯзандагии филиали Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳия, соҳибкорони инфиродӣ ниқобҳои муҳофизатиро омода намуда, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолиро аз он таъмин намуда истодаанд.

Поделиться в