Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни ҷавонон

04 августи 2020, сешанбе

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон ва варзиш дар доираи кинофилми “Хиёнат бахшида намешавад” ва амалҳои ноҷавонмардонаи анҷомдодаи ҳизби наҳзати исломӣ бо шахсони гумроҳшуда семинар – машварат дар мавзӯи “Пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни ҷавонон” доир намуд.

Иштирокчиён нисбати кинофилми “Хиёнат бахшида намешавад”, ки барои анҷом додани он амалҳои мудҳиш ва ноҷавонмардона даст задани ин гурӯҳҳо ва аз рисолати инсонӣ фаромӯш кардаву барои иҷрои дастури хоҷагони хориҷӣ гумрох шуда, ба Ватани ободу осудаи хеш хиёнат намудаанд, маҳкум намуда, иброз доштанд, ки барои саривақт пешгирӣ намудани  чунин амалҳои номатлуб ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар тарбияи фарзанди худ масъулияти баланд дошта бошанд.

Имрӯз аз надоштани саводи кофӣ ва сатҳи пасти маълумотнокӣ  ҷавонони тоҷик ба доми гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ афтода, кирдорҳои разилонаю ваҳшиёнаро анҷом дода истодаанд. Хеҷ як фарзанди ин сарзамин, ки шарафу номус дорад ба чунин гумроҳиҳо даст намезанад. Қайд намуданд, ки имрӯзҳо ҳар яки моро мебояд фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем.

Дар атрофи Пешвои маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.

 

Поделиться в