Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирӣ аз мавҷи дуюми COVID-19

07 августи 2020, ҷумъа

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати пешгирии паҳншавии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус COVID-19, омодагӣ ба соли нави таҳсил, риояи гигиенаи шахсӣ байни мактаббачагон ва кӯдакони боғчаҳо дар муассисаҳо, риояи масофаи иҷтимоӣ дар синфхонаҳо вохӯрӣ доир намуд.
            Аз аҳолӣ хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро нигоҳ доранд.

 

 

Поделиться в