Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории курси омӯзишии “Зан – сарвар”

10 августи 2020, душанбе

           Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 4.4-2 Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар ҳамкорӣ Академияи идоракунии давлаии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан сарвар”-ро бо иштироки намояндагони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намуда, аз ҷониби Раиси Кумита ба 30 нафар шунавандагони курси мазкур Гувоҳнома тақдим гардид.

 

Поделиться в