Тарғибу ташвиқ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2020, №АП-1376 ҷиҳати андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҳаллаи Нодира ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, таъмири хонаю деворҳо, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла, пешгирии паҳншавии вируси COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, ҳолати санитарию гигиении хона, захираи маводи ғизоӣ, консервакунонӣ, коркарди меваю сабзавот сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.