Рушди соҳибории занон
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии занони деҳот дар самти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди тиҷорат” барои ҷалби бештари занону бонувон ба касбомӯзӣ, таъсиси коргоҳҳо ва марказҳои ҳунармандӣ дар минтақаи Рашт бо 564 нафар занон ва бонувон соҳибкор оид ба хунарҳои қаннодӣ, дӯхти либоси аврупоӣ, мактабӣ, зардӯзӣ ва ороиши рӯйю мӯй семенари омӯзишӣ ташкил намуд.
Ҳамзамон, дар сатҳи ҷамоатҳои минтақаи Рашт бо занон оид ба таҳияи лоиҳаи гранти Призидентӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ субатҳо доир гардида, иштирокчиён аз ҷониби намояндаи Кумита ва ташкилоти мазкур ба саволҳои хеш посухи мушаххас гирифтанд.