Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва забони давлатӣ

15 сентябри 2020, сешанбе


“Истиқлолият ва сиёсати давлат дар бораи забон”- таҳти чунин унвон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Кумита хониши идоравӣ баргузор гардид. Зикр карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ бо забони миллӣ робитаи бевосита дошта, инкишофу рушди забон нишондиҳадаи пешрафт ва комёбиҳои миллат аст.

Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат таъкид менамояд, ки “Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлати сиёсии мо ба ҳисоб меравад”.

Забони давлатӣ бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояи давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози  халқи тоҷик мебошад.

Поделиться в