Мизи мудаввар таҳти унвони “Занон ва интихобот”
Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занону бонувон дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод мизи мудаввар таҳти унвони “Занон ва интихобот” доир гардид. Муовини Раиси Кумита Абдумаинзода Заррина дар баромади худ зикр намуданд, ки интихобот василаи муҳими амалӣ намудани ҳокимияти халқ мебошад. Иштирок дар интихобот нишонаи дарки баланди масъулият буда, ҳар нафар як овоз дорад. Ҳамзамон, ба иштирокчиён муроҷиат намуда, даъват ба амал овард, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба дарки масъулияти баланди ватандӯстиву ватандорӣ дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар фаъолона иштирок намоянд. Дар кори мизи мудаввар коршиноси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонова Дилрабо иштирок ва баромад намуд.