Бунёди ҷомеаи солим мароми мост
Ба хотири таҷлили арзандаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ санаи 17.09.2020, соати 19:00 дар назди маркази ҷамъиятии маҳаллаи Бедил бо сокинони кӯчаҳои Бедил, Мастонгулов, Назаршоев ва Шавмиян суҳбат - вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёди ҳалталаб, аз ҷумла, омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иштироки фаъоли сокинони маҳалла, занону бонувон дар интихобот, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирус, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар вохӯрӣ куҳансолон, занону ҷавонон ва наврасон иштирок дошта, арз намуданд, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда тамоми нерӯ ва малакаи кории худро ҷиҳати нигоҳ доштани фазои солими маҳалла, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ ташкил ва баргузор намудани интихоботи Президентӣ равона намуда, ба номзади арзанда овоз хоҳанд дод.