Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Аксия таҳти унвони «Зан ва интихобот» дар ноҳияи Ашт

30 сентябри 2020, чоршанбе

 

     Санаи 29.09.20 аз тарафи кормандони бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар ду қади роҳи марказӣ ва кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шайдон аксия таҳти унвони «Зан ва интихобот» бо максади ҷалби занону бонувон дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 дар назар аст, гузаронида шуда, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Ҳамчунин, ба шаҳрвандон фаҳмонида дода шуд, ки  овози ҳар яки онҳо муҳиму ҳалкунанда буда ва онҳо метавонанд, иродаи худро озодона изҳор намоянд. Иштирок дар интихобот нишонаи дарки баланди масъулияти шаҳрвандист ва ба хотири ояндаи дурахшон аст.

Поделиться в