Оилаи солим – асос ва пойдории давлат ва ҷомеа
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Оилаи солим – асос ва пойдории давлат ва ҷомеа” семинари машваратӣ доир намуд. Семинари мазкур дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар кори он доктори илмҳои филологӣ, профессор Марҳабо Ҷабборӣ ва муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила буд.