Оила рукни муҳими давлатдорӣ
Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки шуъба ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, кор бо маҳаллаҳо, Хонаи ақди никоҳ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолзанон баҳри таҳкими оила, тарғибу ташвиқи арзишҳои оиладорӣ, инчунин татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинии мазкур намоядагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла прокуратура, суд ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, Муяссара Қаҳҳорӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки оила дар ҳама давру замон чун ҷавҳари ҷомеа мақому манзалати хосеро доро буда, ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.