Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мактаби сарварони ҷавон

09 октябри 2020, ҷумъа

   Дар асоси нақшаи амали Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохон ва лаёқатманди донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварро ба курси 6 моҳаи “Мактаби духтарони сарвар” ҷалб намуда, санаи 09.10.2020 маросими ҷамъбасти курси мазкурро баргузор намуд. Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани чунин курсҳо, ин пеш аз ҳама, ҷалби духтарони лаёқатманд ба соҳаи хизмати давлатӣ ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманди дар захираи кадрибуда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии онҳо, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил, таъмини ҳуқуқи баробари мард ва зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда арзёбӣ мегардад. Раиси Кумита Қурбонзода Ҳ.Ҷ. хатмкунандагони курсро барои саҳмгузории минбаъда дар рушди иқтисоди миллӣ, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ҳидоят намуда, ба 40 нафар шунавандагони курси мазкур Гувоҳномаи Кумита тақдим намуд.

Поделиться в