Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Корҳои тарғиботӣ - ташвиқотӣ

17 октябри 2020, шанбе

Тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Панҷ, Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон баҳри пешгирии аҳолӣ аз марҳилаи дуюми бемории сироятии коронавирус COVID-19 аз рӯи усули фардии “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои сарироҳӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, масьалаҳои захираи маҳсулотҳои хӯрокворӣ, самаранок истифода намудани қувваи барқ, пешгирии тарғиби либоси ба фарҳангӣ мо бегона, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, масъалаи ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва пешгирии никоҳи бармаҳал мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Поделиться в