Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мавқеи зан дар ҷомеа

02 ноябри 2020, душанбе

        Дар толори хурди маҷлисгоҳи Раёсати МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров доир ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҷаласаи навбатии Шурои духтарони донишгоҳ суръат гирифт. Дар ҷаласа мудири бахши занон ва бонувони донишгоҳ  Рустамова З. ва мутахассиси шуъбаи занон Мирзозода Н. иштирок дошта, ҷиҳати иҷрои корҳои назаррас ва минбаъд тақвияти фаъолияти кории раисони шурои духтарони факултетҳои донишгоҳ маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Инчунин аъзои фаъоли Шурои духтарони донишгоҳ Устобобоева Ситора дар мавзӯи "Зан - татбиқкунандаи сиёсати Пешвои миллат" баромад намуд.


Поделиться в