Амалишавии барномаҳои давлатӣ
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар вохӯрӣ бо занону бонувони шаҳри Бохтар татбиқи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020-ро натиҷагирӣ намуданд. Қайд гардид, ки шумораи занон дар шаҳри Бохтар 49, 6 % - ро ташкил дода, 167- нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 29, 1 % дар хизмати давлатӣ кору фаьолият доранд. Намояндагии занон ба ҳайси вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят- 1 нафар, вакили маҷлиси вакилони шаҳр - 14 нафар мебошанд. Зикр карда шуд, ки занону бонувон дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр фаьолияти босамар доранд ва дар доираи амалишавии санади болозикр иштироки шумораи зиёди занону бонувон ба ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва фарҳангии кишвар таъмин хоҳад гардид.