Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мардону занон баробарҳуқуқанд

05 ноябри 2020, панҷшанбе

        Бахшида ба бузургдошти таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мураббиёну тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории тоҷикон» мизи мудаввар доир гардид.
        Кори мизгирдро Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо суханони табрикӣ ифтитоҳ бахшида, арз намуданд, ки қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, моддаи 17-и он баробарҳуқуқии мардону занонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода, моддаҳои 33 ва 34 –и ин санади олии ҳуқуқӣ давлатро ҳамчун ҳимоякунандаи оила ва модару кӯдак муайян намудаанд.
        Намояндагон – иштирокдорони мизи мудаввар нуқтаи назари худро аз боби Конститутсия ҳамчун шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик иброз намуданд.

Поделиться в