Тарҳи лоиҳаи нав
Бо мақсади ба анҷом расидани муҳлати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №269 дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи 2015, №548 “Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва таҳияи лоиҳаи нави қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи амали он ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки таҳияи Стратегияи мазкур вобаста ба иҷрои тавсияи 24 ва банди 8 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияи Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани таъбиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022, ки аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, таҳияи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 пешбинӣ гардида, ҳадафи асосии он фароҳам овардани замина ва шароитҳои зарурӣ барои ба пуррагӣ зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ буда, инчунин ба ҳайси фишанги ташаккули сиёсати давлатии гендерӣ ва назорати татбиқи он аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.