Вохӯрии судманд дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди тадбирҳои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил, COVID-19, ҳолатҳои номатлуб, ҳамзамон, расонидани машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон вобаста ба солимии репродуктивӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо донишҷӯдухтарони ноҳияҳои дурдаст суҳбат – вохӯрӣ баргузор гардид.
Мудири бахши иттилооти Кумита Сабоҳат Рустам бо духтарон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат занону духтаронро, ҳифзи арзишҳои оиладорӣ ва раванди татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, вобаста ба фаъолияти ояндаи онҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ ва иштироки онҳо дар раванди қабули қарор, саҳми онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ суханронӣ намуд.
Намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабизода Манучеҳр, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумаева Малика, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддинов Хушмаҳмад, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бурҳонов Дилшод ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ Кузибоева Зуҳро зимни суханронӣ оид ба амалҳои даст задани занону ҷавондухтарон ба нашъамандю нашъаҷалобӣ ва оқибатҳои ногувори он, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ миёни занону духтарон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, сил, COVID-19, пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва расонидани машварати тиббӣ ба ҷавондухтарон суҳбати ошоро намуданд. Бо мақсади бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, баланд бардоштани тафаккури илмӣ, ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон аз ҷониби Кумита китобҳои илмӣ ва бадеӣ ва бо мақсади иттилоотонии онҳо ҷиҳати пешгиии касалиҳои сироятӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.