Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили боз як санаи муҳими сиёсӣ

08 декабри 2020, сешанбе

       Ба хотири таҷлили 26-умин солгарди ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Мароми ҲХДТ рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум” баргузор гардид.
       Дар кори мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.
       Муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон аз таърихи ташаккулёбии ҲХДТ харф зада, зикр намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ нақшаҳои мушаххасро пайгирӣ намуда, барои расидан ба баробарҳуқуқии воқеӣ байни занон ва мардон (де-юре ва де-факто) чора меандешад. Ташаббуси занону мардонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.
      Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор нуқтаҳои асосии Барномаи ҲХДТ-ро, ки аз ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Садри муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат бармеоянд, зикр намуда, Паёми шодбошии Раиси Ҳизби Халкии Демократии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26 – солагии рӯзи таъсисёбии ҳизб қироат намуд.
      Сипас фаъолияти назарраси аъзоёни ҳизбро қаноатманд арзёбӣ намуда, як қатор фаъолони Ташкилоти ибтидоии хизбии “Оила” –и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонд.



Поделиться в