Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ

19 декабри 2020, шанбе

 

       Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2020, №АП-1376 Роҳбари гурӯҳи корӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ. дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок оид ба созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, инчунин аёдати беморону ятимон, пешгирии бемории коронавирус дар маҳаллаи Сариосиё кучаи Фазлиддин Шаҳобов суҳбату вохӯриҳо бо усули “хона ба хона” баргузор гардид.

Поделиться в