Муроҷирати бехатар
Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Хадамоти мухоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар ҳамкорӣ бо Ширкати телевизион ва радиои “Тироз”, Ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” дар ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо, фаъолон, намояндагони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, хадамоти муҳоҷират, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирии бемории ВНМО/СПИД семинар-тренинги омӯзишӣ таҳти унвони “Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории семинар омӯзиши масъалаҳои муҳими муҳоҷират, пешгирии савдои одамон, мусоидат ба таъмини муҳоҷирати бехатар, инчунин бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии фаврӣ ба манбаи иттилоотӣ, ҳалли мушкилоти мубрами муҳоҷирон, хусусан дар давраи бӯҳронии Covid-19, ташкили сомонаи “IPP Migrant – Mobile” мебошад. Семинар ба тарзи саволу ҷавоб, усули интерактивӣ, гузаронидани минилексия, кор дар гурӯҳҳо ва иҷрои саҳначаҳо вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ гузаронида шуд.