Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Кадбонуи бехтарин

15 марти 2021, душанбе

        Ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир карда шуд.
        Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо,  омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ мебошад.
        Довталабони озмун таомҳои миллӣ аз ҷумла, шакароб, қурутоб, фатирмаска, оши бурида, туппа, далда, суманак, почашӯрбо, дангича, инчунин маҳсулоти нонӣ -қатмол, фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайраҳоро тайёр намуда, пешкаши иштирокдорон гардониданд. Ғолибони озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои болозикр  қадрдонӣ  карда шуданд.

 

Поделиться в