Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтакаи Рашт

07 апрели 2021, чоршанбе


          Сафари кории муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода Зарина  дар ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита Рудобаи Мукаррам 5 апрели соли равон аз ноҳияи Нуробод оид ба татбиқи Паём, таҳкими ваҳдат, сулҳу субот, амният, ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба суннати либоспушӣ, роҳ надодан ба ҳуҷумҳои фарҳанги бегона, пешгирии таассубу хурофот ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ, хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, диққат додан ба таҳсили духтарон, ҳифзи солимии аҳолӣ ва дигар самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати кишвар оғоз гардида, дар дигар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.
          Дар фарҷоми ҳар як суҳбат-вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ҷилди китобҳои "Ваҳдат, Давлат, Президент" туҳфа карда шуданд.

 

Поделиться в