Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми байналмилалӣ

09 апрели 2021, ҷумъа


        Форуми байналмилалии занони пешсафи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки вакилони маҷлиси қонунгузорӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ҳайати дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишварҳо дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
         Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва  намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи миллии илмҳо иштирок ва баромад намуданд.

 

Поделиться в