“Кадбонуи беҳтарин” ҷамъбаст гардид
Даври ҷамъбастии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки ғолибони даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин эҳёи таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ мебошад.
Аз ҷониби довталабони озмун таомҳои миллӣ аз ҷумла, шакароб, қурутоб, фатирмаска, оши бурида, туппа, далда, суманак, почашӯрбо, дангича, инчунин маҳсулотҳои нонӣ, аз қабили қатмол, фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайраҳоро омода намуда, пешкаши иштирокдорон гардид.
Маҳорати кадбонугии занону бонувон аз ҷониби меҳмонон ва ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуда, ғолибони озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.