Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштироки фаъоли модарону хоҳарон дар интихобот

24 сентябри 2020, панҷшанбе

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби аҳолӣ, махсусан занону бонувон ба раванди интихоботи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар назди бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ анҷом дода шуда, ба шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ – тарғиботӣ таҳти унвони “Зан ва интихобот” тақсим карда шуд.

Поделиться в