Намунаи дархост барои иштирок дар озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19.03.2017)
1. Маълумот дар бораи соҳибкор
1.1 Насаб, ном, номи падари соҳибкор, шарҳи ҳол
1.2 Суроға, рақами телефон, факс, почтаи электронӣ
1.3 Ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ (нусха)
1.4 Маълумот дар бораи суратҳисоби бонк ва қарздорӣ
1.5 Маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва ӯҳдадориҳо
1.6 Маълумотнома аз ҷойи истиқомат, нусхаи шиноснома
1.7 Маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ:
- оғози фаъолияти соҳибкорӣ;
- самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ
2. Маълумот дар бораи Лоиҳа
2.1 Номи лоиҳа
2.2 Тавсифи лоиҳа ва асосноккунии масъала
2.3 Мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад)
2.4 Вазифаи лоиҳа
2.5 Мӯҳлати татбиқи лоиҳа (на камтар аз 6 моҳ)
2.6 Маблағи дархостшаванда
2.7 Макони амалигардонии лоиҳа
2.8 Саҳми соҳибкор
2.9 Буҷети лоиҳа дар барномаи Excel (буҷети лоиҳа мушаххас, барои иҷрои лоиҳа асосноку мувофиқ ва бандҳои дар он дохилкардашуда муфассал пешниҳод карда мешаванд. Агар дар буҷети лоиҳа барои харидории таҷҳизот маблағ пешбинӣ шуда нархи як воҳиди он аз 2000 сомонӣ зиёд бошад, бояд ба лоиҳа нархнома (прайс лист) аз 3 ташкилоти истеҳсолкунанда ё таъминкунандаи таҷҳизот замима намуда, зарурияти харидории онро асоснок намоед)
2.10 Натиҷаҳои пешбинишавандаи татбиқи лоиҳа
Эзоҳ: Лоиҳаи грантӣ ба комиссия дар шакли чопӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз панҷ (5) саҳифа, дар барномаи MS WORD бо истифода аз шрифти Times New Roman Tj андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод карда шавад.
3. Нақшаи татбиқи лоиҳа:
4. Ташкилот ва бонкҳое, ки Шумо барои дастгирии молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур муроҷиат намудаед ва ё дар нақша доред, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур муроҷиат намоед, номбар кунед.
5. Оё Шумо таҷрибаи истифодабарии воситаҳои молиявии грантиро доред? Агар ҳа, онро тавсиф намоед.
_________________________________________________________
Дархостҳо ба бахши умумии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Суроғаи Кумита: шаҳри Душанбе, Хиёбони Лоҳутӣ 14.
Маълумоти иловагиро метавонед аз Сомонаи (сайти) Кумита дастрас намоед: www.kumitaizanon.tj
Рӯзи охирини қабули дархостҳо: 30 майи соли 2016, соати 17:00
Телефон барои тамос: (992 37) 227-24-38