Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатибуда аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” ҷамъбаст гардид

29 январи 2022, шанбе

 

 
   Дар ҷамъбасти курси такмили ихтисос ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Комилбек Амид Ёрбек, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Зарина Қадамшо,директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ғанизода Ибодат Ғанӣ ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Ёдовар мешавем, ки курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатибуда аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми январи соли ҷорӣ ифтитоҳ гардида буд. Дар доираи курси такмили ихтисос шунавандагон доир ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ, кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, заминаҳои ҳуқуқи хизмати давлатӣ, имиҷи зан-роҳбар, нақши занон дар идоракунии давлатӣ, масъалаҳои гендерӣ дар идоракунии давлатӣ ва амсоли ин маълумот гирифтанд.

Поделиться в