Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Маводҳо ва мақолаҳо

Ваҳдати миллӣ

Истиқлолият

Пешвои миллат

Cиёсати созандаву ободкор

Зани оташин дар майдони сиёсат

Тасвири зан

Бахшидани гуноҳ

Бозёфтҳои нодири Саразми бостон

Саразм қадимтарини маркази тамаддуни тоҷикон

Терроризм ва экстремизм ва саҳми занон дар пешгирии он

Пешгирии терроризм дар байни занону духтарон

 Масъалаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Нишонаи таваҷҷуҳи доимии давлат ва ҳукумати кишвар санаду барнома, стратегияҳо ва қарору супоришҳои махсус мебошад, ки мақсади онҳо истиқрори мақому мартабаи вижаи зан дар ҷомеа ва кўмаку дастгирии ҳаматарафаи он мебошад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати гендерӣ ҷиҳати ба даст овардани баробарии гендерӣ дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки васеи занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои занон кушишҳо намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ тадбиро меандешад.

Бояд тазаккур дод. ки ҷаҳони имрўза беш аз ҳарвақта ҳассосу равандҳои дар он гузаранда мушкилу пурпечутоб шуда истодаанд. Дар ин масир паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм дар вақтҳои охир ба як зуҳуроти ташвишовар мубаддал гашта, кишварҳоро новобаста аз сатҳи рушди иқтисодию иљтимоӣ, фарҳангию  маънавӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фаро гирифта истодааст, ки раванди ташвишовари мазкур таъсири манфии худро ба оилаҳо ва тарбияи созгори фарзандон расонида истодааст. Мутаасифона, терроризм имрўз дар ҷаҳон чеҳраи занона низ касб намудааст. Бо ин маҷсад баҳри аз байн бурдан ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занон дар Тоҷикистон Кумита ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаи ҷавонон, варзиш.ва сайёҳӣ оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гузаронидани чорабиниҳои мухталифро роҳандозӣ намудааст.

Вобаста ба пешгирии терроризм ва экстремизм дар ҷомеа  ба инобат гирифтани нақши занон аҳамияти зиёд дорад, зеро рушд наёфтани имкониятҳои иҷтимоиву иҷтисодии занон, сатҳи пасти маърифатнокии онҳо омили мусоидаткунанда нисбати даъватҳои экстремистӣ-террористӣ маҳсуб меёбад. Бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур соли 2014 аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои қатъномаҳои №1325 ва №2122 Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиќ гардид. Кумита дар баробари дигар вазорату идораҳои дахлдор яке аз иҷрокунандагони фаъоли Нақшаи мазкур дар назди Кумита аз ҳисоби фаъолзанон Шўрои занони сулҳоварро ташкил намуда, дар шаҳру ноҳияҳои осебпазири наздисарҳадӣ вобаста ба масъалаҳои сулҳоварӣ, пешгирии занону ҷавонон ба гурўҳҳои террористӣ, пешгирии низоъҳои обӣ, сарҳадӣ, истифодаи нерўи занон дар масъалаи муқовимат ба паҳншавии ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва иштирок дар равандҳои сулҳоварӣ машваратҳои судманд доир намуда истодааст.

Қобили қайд аст, ки дар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоқикистон оид ба муқовимат ба терроризм барои солҳои 2016-2020” параграфи  алоҳида оид ба ҷанбаҳои гендерӣ мавҷуд аст, ки аз таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи пешгирии ҷалби занон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади татбиқи қонунгузорӣ дар ин самт ва иҷрои Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар назди Кумита ҷиҳати гузаронидани ташхиси гендерии қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ аз ҳисоби мутахассисони возорату идораҳои дахлдор Шўрои экспертӣ таъсис дода шуда, дар баробари ин, “Тартиби гузаронидани ташхиси гендерии санадњои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи хулосаи дахлдор” таҳия ва тасдиқ гардид.

Ҳамзамон, бо мақсади иљрои самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” Кумита мониторинги Қонуни музкурро ҷиҳати таъмини баробарии мардону занон дар соҳаҳои мухталиф ва пешгирии ҳуқуқпоймолкунии занон доир намуд.

Мусаллам аст, ки созмонҳои террористӣ ба сафҳои худ бештар занонро аз гурўҳҳои осебпазир бо ваъдаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

Кумита бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, ҷалби духтарон ба таҳсил дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаҳои дахлдор инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва намояндагони васоити ахбори омма суҳбату вохўриҳо ва семинарҳои омўзишӣ баргузор менамояд.

Ҳамзамон, Кумита дар асоси таҳлили муроҷиати хаттию шифоҳии шаҳрвандон ҷиҳати ба таҳсил, ба забономўзию касбомўзӣ фаро гирифта шудани занону духтароне, ки бо сабабҳои мухталиф таҳсил нагирифтаанд ва ё аз таҳсил дур мондаанд, тасмим гирифт, ки дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли ин масъала мусоидат намояд.

Дар соли 2017 Кумита дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Халқии  Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Вахш, Данғара, .Шоҳин, А.Ҷомӣ, Хуросон, Муъминобод, ш. Кулоб вилояти Хатлон, ш. Хуҷанд вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе сехҳои дўзандагиро бо дастгоҳҳои дўзандагии замонавӣ муҷаҳҳаз ба истифода дода, 760 нафар занону бонувони хонанишинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд.

Бо мақсади баланд бардоштани огоҳии занон ва ҷалби нерўи онҳо дар пешгирии гароиши занон ва фарзандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ  варақаҳои таблиғотӣ ва буклету брошураҳоро вобаста ба мавзўи пешгирии зуҳуроти терроризм таҳия ва чоп гардида, дар байни занону модарон паҳн намуда истодааст.

Қобили қайд аст, ки дар заминаи мубориза ба ифротгароӣ ва дигар равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир оила нақши калидиро дорост. Оила ҳамчун ниҳоди асосии иҷтимоикунонии фарзандон вазифадор аст,ки мутобиқгардонии ҷавононро ба ҳаёти иҷтимоӣ дар шароити муосир ва ҳифзи онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои гуногуни ифротию, террористӣ таъмин намояд. Хатари калон аз нуқтаи назари таҳдиди ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир оилаҳое мерасонанд, ки дар онҳо муносибатҳои дохили оилавӣ коста гаштаанд ва ин ҳолат аз ҷониби аъзоёни оила дарк карда намешавад.

Омўзиши ҳолатҳои воқеӣ ва таҳлили онҳо имконият медиҳад, то муайян намоем, ки мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳолати руҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ  дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ низ боиси ҷалби занон ба гурўҳҳои террористӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирии ҷалби занон ва ҷавонон ба созмонҳо ва гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани нақши оила маърифати ҳуқуқии ҳар як аъзои оилаҳо, бахусус занон, баланд бардошта шавад.

Бинобар ин, баҳри татбиқи самараноки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумњурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини њифзи ҳуқуқу озодиҳои занон чораҳои иловагӣ андешем. Чорабиниҳои маърифатӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар маҳаллаҳо, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ байни ҷавонписарону мардон пурзўр намоем. Дар иртибот бо ин зарур аст, ки ҳамоҳангии фаъолияти тамоми сохторҳои давлатї ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешгирии ҷалби занону ҷавонон ба терроризм, ҳифзи оила ҳамчун асоси ҷомеа, барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем.

 

                                                                                                                           Орзуи мо тинҷии ҷомеа ва саодати фарзандон;  

            интихоби мо сулҳу оромии ҷомеа ва хушбахтии ҳар як хонадон;

бахти мо хушбахтии ҷигарбандон.

 

Мо модарон муқобили терроризму экстремизмем.

Худованд фарзандони моро аз ин хатар нигаҳбон бошад.

 

 

 

 

 

Илова кунед