Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ

Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздику дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево содо медиҳанду бевосита шунавандаро ба фикр водор месозанд, яъне мафҳуми сулҳ чист?, Ваҳдат чист?

Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори осоиштагӣ буда, ватандӯст будани ҳар як фардро инъикосгар аст.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, иттифоқ будан, дӯсту бародар будани халқҳои дунё, амну оромӣ дар саросари кишварҳо мебошад.

Албатта, ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан ва Роҳбари воломақом гувоҳӣ медиҳад.

Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст.

Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад». 

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Аз ин хотир, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар бояд ин неъмати илоҳиро қадр намояд, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро бо доштани ин ганҷи Қорун миллату сарзамини мо ҳамешабаҳор мемонад.

Моро мебоист Сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон гузоранд.

 

Илова кунед