Васеъ намудани имкониятҳои шуғли занону духтарон дар соҳаи сайёҳӣ
01 феврали 2022, сешанбе
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии ҶДММ “Кошиф” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд курсҳои кутоҳмудати омӯзиширо дар мавзӯи “Васеъ намудани имкониятҳои шуғли занону духтарон дар соҳаи сайёҳӣ” роҳандозӣ намуд.
Машғулиятҳои омӯзишӣ аз 28 январ оғоз гардида, то 2 марти соли 2022 идома меёбад ва дар он донишҷӯдухтарон аз коллеҷу донишгоҳҳои шаҳри Душанбе фаро гирифта шуданд.