Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чакомаи гесӯ

17 марти 2020, сешанбе

Бо мақсади намоиши маҳорати волои ҳунармандон, ҷалби занону духтарон ба зебоипарастӣ ва ба ин васила аз нав эҳё намудани анъанаҳои миллӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо иштироки шумораи зиёди занону духтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, донишҷӯёни коллеҷҳои дар ноҳия фаъолиятдошта ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ фестивали ноҳиявии "Чакомаи гесӯ" дар сатҳи аланди фарҳангию маърифатӣ гузаронида шуд. Ғолиони Фестивали мазкур аз ҷониби комиссияи тадорукотӣ муайян карда шуд, ҷойи якум насиби Давлатова Сабзина хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия, ҷойи дуюм ба Гулова Файзигул хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳия ва ҷои сеюм ба Ғаниева Парвина хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия мансуб дониста шуданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш сарфароз гардонида шуданд. 

Инчунин, барои иштироки фаъолона дар фестивали ноҳиявии "Чакомаи гесӯ" муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №48,№9 Литсейи барои хонандагон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш сарфароз гардонида шуданд.  

 

Поделиться в