30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ
02 феврали 2022, чоршанбе
Бо ташаббуси дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе , бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” баргузор гардид.
Зимни баргузории аксияи мазкур, аз ҷониби Роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба Роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвими соли 2022-и Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо навиштаҷоти “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” дастрас карда шуд.