Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ВАКСИНА - КАФОЛАТИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

03 феврали 2022, панҷшанбе
 
    Саломатӣ боигарии асосии инсон буда, некӯаҳволии шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як шахсро мебояд, ки ба саломатии худ бетараф набуда, ба он таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дошта бошад. Дар вазъияти имрӯза, ки дар тамоми ҷаҳон бемории сироятии коронавирус доман паҳн кардааст, тамоми мардуми сайёраро ба таҳлука афкандаву сирояташ марговар ва ҳалокатбор аст. Роҳи ягонаи пешгирии ин беморӣ пурра фаро гирифтани аҳолӣ ба иммунизатия мебошад. Ваксина ба организми инсон хатар надошта, истифодаи он ҳамчун кафолати солимии ҷомеа аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсия дода шудааст. Мутаассифона, нафароне низ ҳастанд, ки манфиати ваксинаро дарк накарда, бо такя ба маълумотҳои бардурўғ аз гирифтани он даст кашида, ҳаёти худу наздиконро дар хатар мегузоранд.
Вобаста ба огоҳ намудани аҳолӣ бо манфиатҳои эмгузаронӣ ва хатарҳои бемории сироятии коронавирус дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан масъулини шуъбаву бахшҳо ва хусусан самтҳои иҷтимоиёт ба ҷойҳои серодам, бозорҳо, ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо сафарбар карда шуда, ташвиқоту тарғибот байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва бар зидди ин беморӣ бо ваксина фаро гирифтани аҳолӣ пурзӯр гардидааст.
 Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва манфиати гирифтани ваксина ба саломатии инсон аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Мӯъминова ва сардори раёсати маорифи шаҳр Гулрӯ Пӯлотова байни сокинони Ҷамоати деҳоти "Қалъаи Баланд" бо усули "Хона ба хона" корҳои тарғиботӣ гузаронида шуд.
     Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи эмкунӣ фаъол бошанд, қоидаҳои беҳдоштро риоя намуда, худ ва аъзои оилаашонро эм гузаронанд, то ин ки саломатии наздикон ва аҳли ҷомеа ҳифз карда шавад. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмин ва дастрасии ваксина дар меҳвари фаъолияти Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар қарор гирифта, таваҷҷуҳу ғамхории давлат аст, ки то инҷониб аҳолии мамлакат ба таври ройгон ваксина гирифта истодаанд.
 

Поделиться в