МАГИСТРАТУРАИ “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН” ИФТИТОҲ ГАРДИД
03 феврали 2022, панҷшанбе
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ифтитоҳ гардид.
Дар чорабинӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигора ва устодону кормандони Академия иштирок намуданд.
Чорабиниро ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, магистрантонро ба муносибати шомил шуданашон ба шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва оғози дарсҳо таҳният гуфта, таъкид намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ хизматчиёни давлатӣ ва таҳқиқу омӯзиши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академия магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро таъсис дод. Ҳадаф аз ташкили магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” омӯзиши мактаби идоракунию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои ҳамаи мо, бахусус хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоянд, зарур аст, ки мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзем ва онро дар фаъолияти ҳарӯзаамон татбиқ намоем.
Таъкид шуд, ки Шумо, аз хушбахтарин нафароне мебошед, ки аввалин шуда тӯли як сол “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро меомӯзед ва роҳи худро дар оянда мунаввар сохта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми боризи худро хоҳед гузошт.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбари давлати тоҷикон гардид, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор буд ва тамоми шохаҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, аз уҳдаи идоракунии мамлакат намебаромаданд. Дар чунин шароити ниҳоят сангин вазифаи муҳимтарини роҳбарияти нави Тоҷикистони соҳибистиқлол пешгирӣ намудани роҳи шикасти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини амнияти давлат ба ҳисоб мерафт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки воқеии вазъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт. Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзандаи омӯзиш буда, моро зарур аст, ки нукта ба нукта ба хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзонем.
Ҳамчунин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигора фикру андешаҳои худро роҷеъ ба ифтитоҳи шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” иброз намуданд.
Дар соли 2022 ба шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” 46 нафар магистрант аз рӯи ихтисоси 1-260101 - идораи давлатӣ ва 1-23010101 - сиёсати берунӣ ва дипломатия шомил шуданд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи донистани ду забони хориҷӣ барои хизматчиёни давлатӣ, таҳсилро дар шуъбаи магистратура бо се забон – забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда, магистрантон давоми як сол малакаи корӣ ва забондонии худро такмил дода, соҳиби диплом мегарданд.
Таҳсил дар магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат хоҳад кард.