Дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
03 феврали 2022, панҷшанбе
Дар маҷлис муовинони Раиси ҳизб, аъзои КИМ ҲХДТ, раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, як қатор аъзои Ҳукумати кишвар, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва аъзои Фраксияи ҳизб дар Парлумони кишвар, кормандони масъули Дастгоҳи марказии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок доштанд.
Муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор баромад намуда, таъкид дошт, соли 2021 барои мардуми шарафманди кишвар соли муҳим ва таърихию хотирмон буд, зеро дар ин сол мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистонро бо руҳи бузурги ватандорӣ ва эҳсоси баланди меҳанпарварӣ таҷлил намудем. Дар раванди истиқлоли Ватан ва комил гардидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ва ташаккул ёфтааст, хеле бузургу мондагор аст.
Баъд аз суханронии муовини якуми Раиси ҳизб дар идомаи мачлис Қурбонзода Хилолби Чумъахон - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутобиқи банди 3.1-и Низомнома “Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ” дар вазъияти тантанавӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Қурбонзода Ҳилолбӣ Чумъахон бо Сипосномаи ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.