Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

ПАЁМ - ТАТБИҚГАРИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

04 феврали 2022, ҷумъа
 
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳу тавзеҳ Паёми навбатии Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон,махсусан ҷавонону занон, маърифатӣ оиладорӣ, одоби муошират, пешгирии зуроварӣ дар оила, фарҳанги либоспушии миллӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз чониби масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила бо иштироки ҷавонони синфҳои болоӣ дар муассисаи таълимии рақами 12 ва сокинони маҳаллаи "Тути калон" мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъулину аъзоёни фаъоли шуъба доир ба
нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ҳамзамон, тарғиби васеъ оиди дастовардҳои даврони Истиқлолият ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ зикр карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки чунин мулоқотҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд тибқи нақша баргузор мегардад.

Поделиться в